|
8-12 июни соли 2010 дар шањри Валмонтони Италия Конфронси байналмилалї дар мавзўи: «Њифзи њуќуќњои шањрвандон» бахшида ба омодагї ба семинари І Авруосиёгї оид ба њуќуќи Римї баргузор гардид, ки дар кори он намояндагон аз давлатњои Америкаи Лотинї, Федерат- сияи Россия, Љумњурии Казоќистон, Руминия, Албания ва Италия иштирок намуданд.
Дар кори конфронси мазкур Љумњурии Тољикистонро Мањмудов М.А. – Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Ализода З. – Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон намояндагї намуданд.
Дар љараёни кори серўзаи конфронс зиёда аз 25 маърўзаву баромадњо оид ба њифзи њуќуќњои шањрвандон, аз љумла маърўзаи Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. дар мавзўи: «Принсипњои њифзи њуќуќњои шањрвандон дар анъанањои таърихии Тољикистон» шунида шуданд. Оид ба такмили механизмњои њифзи њуќуќи инсон ва шањрванд ва њифзи њуќуќњои инсон ва шањрванд дар давлатњои худ мубодилаи афкор баргузор гардид.
Дар рафти Конфронс вохўрињои дуљониба миёни Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. ва Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон Ализода З. бо Раиси Суди конститутсионии Италия Франческо Амирантї оид ба њамкорињои судњои конститутсионии ду давлат ибрози андеша карда шуд.
|
|
24.04.2010 13:22 |
|
25 марти соли 2010 Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. Њамоњансози барномањо дар Осиёи Марказї-и Комиссияи Аврупо оид ба демократия тавассути њуќуќ (Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо) љаноби Сергей Кузнетсовро ба њузур пазируфт.
Зимни сўњбат, тарафњо оид ба мавќеъ ва наќши маќомоти назорати конститутсионї дар низоми њокимияти давлатї, рушди минбаъдаи ин нињоди муњими сиёсию њуќуќї, фаъолияти Комиссии Венетсианї дар самти њамкорињо бо маќомоти назорати конститутсионии давлатњои аъзо ва мушоњидачї, наќшањои фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољиикисон, аз љумла оид ба конференсияи байналмиллалї бахшида ба 15- солагии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, ки моњи ноябри соли равон дар шањри Душанбе баргузор мегардад, ибрози андеша намуданд.
Тарафњо вохўриро судманд арзёбї намуда, љонибдории худро оид ба вусъат додани њамкорињо миёни маќомоти худ изњор намуданд.
Дар вохўрї судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон А. Абдуллоев ва К.Каримов њузур доштанд.
|
|
24.04.2010 13:17 |
|
12 марти соли 2010 Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон љињати иљрои Амри Президенти Љумњурии Тољикистон аз 12 январи соли 2008 №АП-467 ва ба муносибати Иди Наврўз ба 25 нафар тарбиягирандагони мактаб-интернати љумњуриявии шунавоиашон суст ва деркаршудаи шањраки Сомониёни ноњияи Рўдакї ба маблаѓи 2000 сомонї кўмаки хайрия дар шакли маводи хўрока ва сару либос расониданд.
Инчунин Суди конститутсионї оилаи камбизоати Љонмањмадов Љамшед ва Назарова З., ки дар суроѓаи ш.Душанбе, ноњияи Фирдавсї, кўчаи Дењоти 21/3 њуљраи 50 истиќомат карда, њарду инвалиди гурўњи дуюм мебошанд ва дар тарбияашон кўдаки то як сола доранд, ба шефї гирифтааст.
|
|
23.04.2010 12:17 |
|
18 феврали соли 2010 Хулосаи (резюме) Ќарори Суди конститутсионии Љумҳурии Тољикистон оид ба дархости Њизби нањзати исломии Тољикистон «Дар бораи муайян намудани мувофиќати ќисми чоруми моддаи 57 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» ва Ќарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон аз 25 майи соли 2009 тањти №122 ба ќисми 7 моддаи 49 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» бо забони англисї дар сомонаи интернетии (сайти) Комиссияи Аврупо оид ба демократия тавассути њуќуќ (Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо)
http://www.venice.coe.int/asia/ ASIA_guidelines.htm љой дода шуд.
|
|
23.04.2010 12:08 |
|
12 январи соли 2010 Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А. Сафири фавќуллода ва мухтори Франсия дар Тољикистон љаноби Анри Зиппер де Фабианиро ба њузур пазируфт.
Зимни сўњбат, тарафњо оид ба мавќеъ ва наќши маќомоти назорати конститутсионї дар низоми њокимияти давлатї ва рушди минбаъдаи ин нињоди муњими сиёсию њуќуќї ибрози андеша намуданд.
Бо вазифа, салоњият ва фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон шинос шуда, Љаноби сафир дар бораи Шўрои конститутсионии Франсия, ки бештар аз ду аср фаъолият дорад, маълумоти муфасал дод. Мавсуф ќайд намуд, ки чунин нињоде, ки њифзи Конститутсия ва таъмини волоияти онро ба ўњда дорад, дар низоми давлатњои демократї, аз љумла дар Франсия љойи махсусро ишѓол менамояд ва онро «дили демократия» номид. Аз ин рў, мамлакаташ ба рушди назорати конститутсионї диќќати љиддї медињад ва дар ин маќоми олї мутахассисони варзида ва донишманд фаъолият менамоянд.
Тарафњо вохўриро судманд арзёбї намуда, љонибдории худро оид ба вусъат додани њамкорињоро миёни маќомоти назорати конститутсионии ду давлат изњор намуданд.
Дар вохўрї Муовини Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон М. Назаров њузур дошт.
|
|
23.04.2010 12:05 |
|
8 декабри соли 2009 дар маљлиси Суди конститутсионии Љумҳурии Тољи- кистон парванда аз рўи дархости Њизби нањзати исломии Тољикистон «Дар бораи муайян намудани мувофиќати ќисми чоруми моддаи 57 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољи- кистон» ва Ќарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољи- кистон аз 25 майи соли 2009 тањти №122 ба ќисми 7 моддаи 49 Конститутсияи (Сар- ќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї гардид.
Дар кори он намояндаи ваколатдори Маљлиси миллї ва Маљлиси намоян- дагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, намояндаи ваколатдори Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, њамчунин намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољи- кистон, Суди Олї, Прокурори генералї ва Вазорати адлия иштирок намуданд.
Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон масъалаи мазкурро њаматарафа барасї намуда, ќарор ќард, ки ќисми чоруми моддаи 57 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикис- тон», ки тибќи он «агар аъзои Маљлиси миллї ва вакили Маљлиси намояндагон камаш як сол пеш аз ќатъи ваколати Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон ваколаташ ќатъ шуда бошад, интихоботи нави аъзои Маљлиси миллї ва вакили Маљлиси намояндагон ба љои вакили ваколаташ ќатъгардида гузаронида намешавад» ва умуман моддаи 57 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» ба ќисмњои якум ва њафтуми моддаи 49 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќ мебошад.
Суди конститутсионї Ќарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистонро аз 25 майи соли 2009 №122 низ њаматарафа тањлил намуда, бинобар ба салоњияти он мансуб набудани баррасии масъалаи мазкур, нисбати ќарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон мурофиаи судии конститутсиониро ќатъ намуд.
|
|
23.04.2010 11:54 |
|
26 ноябри соли 2009 Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М. А. намояндаи мушовири ЮНИСЕФ хонум Рейчел Харвейро ба њузур пазируфт.
Дар рафти сўњбат тарафњо оид ба рушди минбаъдаи ќонунгузории оила дар Тољикистон, даровардани таѓйиру иловањо ба Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон, таъсис додани судњои оилавї, тањкими муносибатњои њуќуќи оилавї, аз ќабили никоњу талоќ ва наќши Суди конститутсионї дар њифзи оила ва њуќуку озодињои модару кўдак ибрози назар намуданд.
Дар вохўрї Муовини Раиси Суди конститутсионї М. Назаров ва судя А. Абдуллоев њузур доштанд.
|
|
22.04.2010 17:39 |
|
Аз 14-24 ноябри соли 2009 судяњои Суди конститутсионї дар асоси Созишнома миёни Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Љумњурии Федеративии Германия оид ба њамкорињои техникї аз 27 марти соли 2003, дар доираи Лоињаи «Дастгирии ислоњоти њуќуќї ва судї дар мамлакатњои Осиёи Марказї», њамчунин тибќи дастури Президенти Љумњурии Тољикистон дар хусуси ба роњ мондани такмили ихтисоси судяњои судњои Љумњурии Тољикистон дар дохил ва хориљи кишвар, ки рўзи 13 сентябри соли 2009 зимни ба вазифањои судягї таъин намудани шањрвандони љумњурї таъкид ёфта буд, аз Љумњурии Федеративии Германия сафари хизматї анљом доданд.
Зимни сафар бо фаъолияти Суди Аврупо оид ба њуќуќи инсон, Комиссияи Аврупо оид ба демократия тавассути њуќуќ, Идораи марказии Маркази технинкии Олмон, Суди федералии конститутсионї, Суди федералии маъмурї ва Суди конститутсионии замини шањри Берлин шиносої пайдо намуданд.
Дар мизњои мудавваре, ки дар судњои зикршуда бо иштироки судяњои Суди Аврупо, коршиносони Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо, судяњои Германия ва судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Ќиргизистон баргузор гардиданд, аз љониби судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон асосњои сохтори конститутсионии Љумњурии Тољикистон њамчун давлати демократию њуќуќбунёд, самтњои афзалиятноки сиёсати дохилию хориљї ва дигар сохторњои муњими давлатдорї, аз ќабили Суди конститутсионии дорои салоњияти муосир мавриди муаррифї ќарор гирифтанд.
Судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, њамчунин бо Котиби генералии Комиссияи Аврупо оид ба демократия тавассути њуќуќ (Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо) љаноби Джиани Букикио вохўрї анљом доданд.
Дар ин сафар судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро хамкорони онњо-судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Ќиргизистон њамроњї доштанд.
|
|
22.04.2010 14:37 |
|
4 ноябри соли 2009 дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бахшида ба 15-умин солгарди Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон маросими муаррифии нашрияи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо номи «Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» ва Сомонаи интернетии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Прокурори генералї, Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон, Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон, Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон, Маркази миллии ќонунгузорї, намояндагони сафорату консулгарињои хориљии муќими Тољикистон, судяњо ва кормандони дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, инчунин созмонњои љамъиятї иштирок намуданд.
Чорабинии мазкурро Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон М. А. Мањмудов, њусни ифтитоњ бахшида, ќайд кард, ки нашри Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба љашни 15-солагии Конститутсияи мамлакат рост омад. Мундариљаи он аз маќолаю маърўза ва баромадњои Президенти мамлакат мўњтарам Эмомалї Рањмон, маќолањои судяњои Суди конститутсионї, олимон, њуќуќшиносон ва мутахассисони соњаи њуќуќ, санадњои Суди конститутсионї ва инъикоси фаъолияти касбии он иборат мебошад. Он дар пешрафти маърифати њуќуќии љомеаи Тољикистон, такмили ќонунияти конститутсионї ва рушди њокимияти судї наќши муњим хоњад бозид.
Баъдан, Директори Барномањои Шўъбаи ташкилоти байналмилалии Иниститути «Љомеаи Кушода»-и Тољикистон К. Обидов ва дигарон њозиринро ба маросими муаррифии нашрия ва сомонаи Суди конститутсионї табрик намуданд. Онњо ќайд намуданд, ки Ахбори Суди конститутсионї бори аввал нашр гардида, сомонаи Суди конститутсионї дар низоми маќомоти њокимияти судї нахустин мебошад ва он бояд дар боло рафтани обрўю нуфузи њокимияти судї наќши арзанда бозад.
Сипас Судя-Котиби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон К.Каримов иштирокчиёни муаррифиро бо сохтор ва таркиби Сомонаи интернетии Суди конститутсионї шинос намуд.
|
|
20.10.2009 08:00 |
|
Дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 15-умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар эъмори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон» мизи мудаввар доир гардид. Дар кори он намояндагони судҳои олии ҷумҳурӣ, Прокуратураи генералӣ, Шўрои адлия, Вазорати адлия, дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, олимону мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд. Мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Маҳмудов М. А. кушода, оид ба аҳамияти сиёсию ҳуқуқии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. Сипас иштирокчиёни мизи мудавварро ба 15-умин солгарди Конститутсия Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ-намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Ш. О., Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Н.А. ва Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёров Б.Т. табрик намуда, нақш ва аҳамияти Конститутсияро дар рушду таҳкими ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон қайд намуданд. Дар рафти мизи мудаввар зиёда аз даҳ маърўза оид ба аҳамияти таърихии Конститутсия ва нақши он дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шунида ва муҳокима гардиданд. |
|
|
03.10.2009 08:00 |
|
Дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон бо ибтикори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон, Конфронси мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи ҷавон, Комиссияи Аврупо оид ба демократия тавассути ҳуқуқ (Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо), Ассотсиатсияи байналмилалии ҳуқуқи конститутсионӣ, Намояндагии Еревании Созмони бехатарӣ ва ҳамкорӣ дар Аврупо конференсияи XIV байналмилалӣ дар мавзўи «Таҷрибаи байналмилалии ҳамкории судҳои конститутсионӣ ва парлумонҳо дар таъмини волоияти Конститутсия» баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони судҳои конститутсионӣ ва парлумонҳои 27 давлатҳои Аврупо, Осиё, ва Африқо, аз ҷумла Котиби генералии Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо Дж. Букикио, Раиси палатаи суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон, иштирок намуданд. Намояндагии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ду судяҳои Суди конститутсионӣ дар кори конференция ширкат варзиданд. Дар конфронс зиёда аз 30 маърўза, аз ҷумла маърўзаи Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. дар мавзўи «Нақш ва мавқеи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикион дар таъмини волоияти Конститутсия» шунида шуданд. Конститутсия аз тарафи иштирокчиёни конференсия бузургтарин ҳуҷҷат ва дастоварди сиёсию ҳуқуқии ҷомеаи инсонӣ, таъминкунандаи низоми боссуботи давлатдорӣ арзёбӣ гардида, нақши мақомоти назорати конститутсионӣ дар таъмини волоияти меъёрҳои он махсус қайд карда шуд. Дар конференсия, инчунин лоиҳаи Оинномаи Конференсияи умумиҷаҳонӣ оид ба адолати суди конститутсонӣ мавриди муҳокима қарор дода шуда, аз ҷониби намояндагони давлатҳои аъзои Конференсияи мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи ҷавон дастгирӣ ёфт. Дар рафти конференция вохўриҳои дуҷонибаи намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дж. Букикио - Котиби генералии Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо, Арутунян- Раиси Конференсияи мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи ҷавон-Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон, бо ҳайати намояндагии Судҳои конститутсионии Латвия, Молдова, Беларусь, Федератсияи Россия, Алҷазоир, Чехия баргузор гардиданд. Оид ба доираи васеи масъалаҳо ва таҷриба адолати суди конститутсионӣ табодули назар карда шуд. |
|
08.09.2009 08:00 |
|
Дар Суди конститутсионӣ маҷлиси коллективи Суди конститутсионӣ баргузор гардид. Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон Маҳмудов М.А. иштирокчиёни онро ба муносибати 18-умин солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, барои фаъолияти пурсамар ба як қатор судяҳо ва кормандони дастгоҳ Ифтихорномаи Суди конститутсиониро супурд. |
|
08.09.2009 08:00 |
|
Дар Суди конститутсионӣ маҷлиси коллективи Суди конститутсионӣ баргузор гардид. Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон Маҳмудов М.А. иштирокчиёни онро ба муносибати 18-умин солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, барои фаъолияти пурсамар ба як қатор судяҳо ва кормандони дастгоҳ Ифтихорномаи Суди конститутсиониро супурд. |
|
04.09.2009 08:00 |
|
Ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти Давлатӣ дар Вазо- рати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар кори он Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А., судяи Суди конститутсионӣ Гулзорова М. ва дигар кормандони Дастгоҳи Суди конститутсионӣ иштирок варзиданд. Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. дар мавзўи «Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун заминаи ислоҳоти конститутсионӣ дар Тоҷикистон» маърўза кард. |
|
04.09.2009 08:00 |
|
Ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти Давлатӣ дар Вазо- рати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар кори он Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А., судяи Суди конститутсионӣ Гулзорова М. ва дигар кормандони Дастгоҳи Суди конститутсионӣ иштирок варзиданд. Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. дар мавзўи «Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун заминаи ислоҳоти конститутсионӣ дар Тоҷикистон» маърўза кард. |
|
12.08.2009 08:00 |
|
Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 60-умин солгарди қабули Конвенсияҳои Женевагӣ (соли 1949) мизи мудаввар баргузор намуданд. Дар мизи мудаввар намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионӣ ва Суди Олӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, вазорату кумитаҳо, намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии СММ, САҲА, СҲШ ва ҷомеаҳои шаҳрвандӣ иштирок доштанд. Аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори мизи мудаввар судяи Судяи Суди конститутсионӣ Абдуллоев А.А. иштирок намуд. Дар нишасти мазкур қайд гардид, ки солҳои охир дар Тоҷикистон оид ба имплементатсияи Конвенсияҳои Женевагӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ (башардўстӣ) корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд. |
|
07.08.2009 08:00 |
|
Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Институти Даниягӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар Кохи Ваҳдат (шаҳри Душанбе) ҷаласаи муқаддамотиро барои баррасии ўҳдадориҳои кишвар дар ҷодаи ҳуқуқи инсон оид ба мавзўи «Дастовардҳо ва норасоиҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон» барпо намуданд. Дар ҷаласаи мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, Суди конститутсионӣ ва Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, вазорату кумитаҳо, созмонҳои байналмилалӣ, сафоратхонаҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд. Судяи Суди конститутсионии Ҷмҳурии Тоҷикистон Абдуллоев А.А. ва мудири шўъбаи таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рауфов М.М. дар ин ҷаласа ширкат намуданд. Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои муҳими ба соҳаи ҳуқуқи инсон дахлдошта дар Тоҷикистон мавриди омўзишу баррасӣ қарор дода шуданд. |
|
23.07.2009 08:00 |
|
Дар шаҳри Кишинёви Ҷумҳурии Молдова Конференсияи байналмилалӣ дар мавзўи: «Арзишҳои конститутсионӣ-омилҳои асосии таҳким- бахши сохти демократӣ», бахшида ба 15-солагии рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Молдова баргузор шуд. Дар Конференсияи мазкур намояндагони Судҳои Конститутсионӣ аз 19 давла- ти ҷаҳон, инчунин намояндагони Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо иштирок намуданд. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҳмудов М.А. -Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуллоев А.А. -судяи Суди консти- тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ намуданд. Иштирокчиёни Конференсияро Президенти Ҷумҳурии Молдова Владимир Воронин хайра мақдам гуфт. Дар ҷараёни кори дурўзаи Конференсияи мазкур наздикии 20 маърўзаву баромадҳо оид ба арзишҳои конститутсионӣ ҳамчун омилҳои асосии мустаҳкамӣ ва рушди давлатҳои демократӣ шунида шудаанд. Мубодилаи афкор баргузор гардид ва таҷрибаҳои корӣ оид ба масъалаҳои васеи мурофиаи судии конститутсионӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. |
|
13.07.2009 08:00 |
|
Дар доираи Барномаи «Дастгирии ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» вохўрии Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. ва судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев А.А. бо Роҳбари Барномаи Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои техникӣ дар Тоҷикистон Ҷаноби Йорг Пуделка ва ҳуқуқшиноси барномаи мазкур Катлин Крюгер баргузор шуд. Дар ҷараёни вохўрӣ Маҳмудов М.А. ба меҳмонон оид ба корҳои анҷомдодашуда дар ҷумҳурӣ дар доираи амалишавии ислоҳоти судию ҳуқуқӣ ва он тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Парламенти мамлакат дароварда шуданд,маълумот дод. Ҷонибҳо дар рафти сўҳбат оид ба масъалаҳои муҳими мурофиаи судии конститутсионӣ ибрози назар намуда, аз ҷумла зикр намуданд, ки адолати судии конститутсионӣ аз ҷумлаи он стандартҳои ҷомеаи демократӣ мебошад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст. Адолати судии конститутсионӣ ниҳоди ҷудонопазири сохтори давлатии аксари давлатҳои соҳибистиқлоли ҳудуди собиқ Иттиҳод Шўравӣ шудааст. Ҳамчунин ҷонибҳо дар раванди машварат манфиат ва омодагии худро дар самти густариши ҳамкории тарафайн ва анҷом додани амалҳои мушаххас иброз намуданд. |
|
Дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. маҷлиси Суди конститутсионӣ баргузор шуд, ки ба он судяҳои дар истеъфобудаи Суди конститутсионӣ, олимони соҳаи ҳуқуқи мамлакат аз Институти давлат ва ҳуқуқи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултетҳои ҳуқуқщиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шудаанд. Мувофиқи моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди Суди конститут- сионӣ Шўрои илмию машваратӣ дар ҳайати 17 нафар таъсис дода шуд, ки ба он судяҳои дар истеъфобудаи Суди конститутсионӣ ва олимони намоёни соҳаҳои ҳуқуқи мамлакат дохил мешаванд. |
|
|
|
|
Страница 1 из 2 |